Октябр 20, 2019 18:08 Asia/Dushanbe
  • Ҳаниа: Мардуми Фаластин иҷозаи пешбурди тарҳҳои душман дар Қудсро намедиҳанд

Раиси дафтари сиёсии Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) бо баёни ин, ки тарҳҳои душмани саҳюнистӣ барои тақсими Масҷидулақсо бенатиҷа хоҳад буд, таъкид кард: Мардуми Фаластин иҷозаи пешбурди тарҳҳои душмани саҳюнистӣ барои тақсими Масҷидуалқсо бентиҷа хоҳад буд, таъкид кард: Мардуми Фаластин иҷозаи пешбурди тарҳҳои душман ва тағйири осор ва нишонаҳои Қудсро намедиҳанд.

Маркази иттилоърасонии Фаластин, Исмоил Ҳаниа, раиси дафтари сиёси Ҷунбиши Ҳамос дар гуфтугӯ бо шабакаи моҳвораии "Алақсо" бар зарурати муқобила бо тарҳҳои душмани саҳюнистӣ бо рӯйкарде қотеъ ва тарҳе ҳакимона ва шуҷоона таъкил кард ва гуфт: Ҳаводиси минтақа ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад масъалаи Фаластинро таҳти таъсири худ  қарор дода ва мӯҷиби фаромӯшии он шавад, зеро Қудс ҳамчунон Маркази набард ва низоъ бо душмани саҳюнистӣ хоҳад буд.

Ҳаниа бо баёни ин, ки режими саҳюнистӣ аз ҳаводис ва ҷангҳои дохилӣ дар бархе кишварҳои минтақа  барои пешбурд  ва иҷрои хатарноктарин тарҳҳо алайҳи Масҷидуалқсо баҳра мегирад, хотирнишон кард: Миллати Фаластин ба дифоъ аз Қудс ва муқаддасоти уммати исломӣ идома медиҳад.

Раиси дафтари сиёсии Ҷунбиши Ҳамос ҳамчунин хостори таҳаррук дар се ҷабҳаи фаластинӣ, арабӣ ва байналмилалӣ барои муқобила бо тарҳи яҳудисозии режими саҳюнистӣ дар Масҷидулақсо шуд.

 

Барчасп