Боздошти як дутобеиятӣ дар фурудгоҳи Бейрут ба иттиҳоми ҷосусӣ
(last modified Tue, 29 Oct 2019 14:15:39 GMT )
Октябр 29, 2019 19:15 Asia/Dushanbe
  • Боздошти як дутобеиятӣ дар фурудгоҳи Бейрут ба иттиҳоми ҷосусӣ

Амнияти умумии Лубнон аз боздошти як лубнонӣ-канадаӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Бейрут ба иттиҳоми ҷосусӣ барои режими саҳюнистӣ хабар дод. Ин иқдом ба дархости артиши Лубнон ва ба иттиҳоми ҷосусӣ барои режими саҳюнистӣ сурат гирифтааст.

Ба гузориши  “Форс”, дар идомаи ин гузориш омада, мақомоти амнияти умумии Лубнон дар ҳангоми боздошти Тобет ба ӯ иҷозаи акс гирифтан дода, зеро мақомоти ин ниҳод қонунро иҷро карда ва аз ҳеҷ аксе наметарсанд. Ин ки Тобет аз тобеияти канадаӣ ҳам илова бар тобеияти лубнонӣ бархурдор аст, таъсире дар афви вай аз иттиҳоми ҷосусӣ барои режими саҳюнистӣ надорад ва ба мақомоти иттилоотии Лубнон таҳвил дода хоҳад шуд.

Тобет аз мунтақидони сарсахти ҳокимият дар Лубнон буда ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ изҳороте дар ин бора доштааст.

Боздошти ин фард ҳамзамон бо тазоҳуротҳо дар Лубнон сурат мегирад ва артиши Лубнон имрӯз дар бораи ҷосусии Моссад аз тариқи бархе шабакаҳои интернетӣ ҳушдор дод.

Чанде пеш боздошти Омир Алфохурӣ, маъруф ба «қассоби боздоштгоҳи Алхайём» дар Лубнон ва пас аз бозгашти ӯ аз Амрико сарусадои зиёде дар ин кишвар ба роҳ андохт. Вай пас аз боздошт ба ҳамкорӣ бо Телавив эътироф кард.