Тафсир – Барҳам задани як шабакаи дигари ҷосӯсии Исроил дар Туркия
Раванди ҷосӯсии режими нажодпарасти Исроил аз мардуми мусулмони Туркия ҳамчунон идома дорад.
Дар ҳамин иртибот, Сервиси иттилоотии Туркия эълом кард, ки як шабакаи дигари 7 нафараро, ки барои Созмони ҷосӯсии режими саҳюнистӣ (Моссад), ҷосӯсӣ мекарданд, кашфу муталошӣ кардааст. Расонаҳои Анкара низ эълом карданд, ки Сервиси иттилоотии Туркия 7 танро ҳангоми фуруши иттилоот ба Сервиси ҷосӯсии Исроил (Моссад) дастгир кардааст. Дар шароите, ки Туркия ба содироти колоҳои зарурӣ ва мавриди ниёзи режими нажодпарасти Исроил идома медиҳад ва равобити мутақобили ду тараф дар ҳоли афзоиш аст, ҳузури шабакаҳои мутааддиди ҷосӯсии режими саҳюнистӣ дар Туркия нигаронкунанда ва қобили тааммул аст.
Бо таваҷҷуҳ ба шиддати ҷосусбозиҳои режими саҳюнистӣ дар Туркия чунин ба назар мерасад, ки давлати Анкара бархе аз шабакаҳои ҷосӯсии Исроилро расонаӣ намекунад. Бо вуҷӯди ин, бо ин ҳаҷм аз фаъолиятҳои ҷосӯсии Исроил дар Туркия, метавон бо итминон гуфт, ки таҳаррукоти ҷосӯсии Исроил дар шаҳрҳои мухталифи Туркияро набояд мавзӯи оддӣ қаламдод кард.
Эътирофоти ҷосусони исроилӣ дар Туркия ҳокӣ аз он аст, ки на танҳо атбои кишварҳои мусулмон дар Туркия аҳдофи фаъолиятҳои ҷосӯсии созмони Моссад қарор намегиранд, балки монанди ҳамаи кишварҳои мусулмон, давлату мардуми Туркия низ дар маърази ин таҳдидҳои режими саҳюнистӣ қарор доранд. Бо таваҷҷуҳ ба ифшогариҳои сиёсатмадорони бознишастаи Туркия ва мақомҳои Амрико, давлатмардони Анкара бояд ба ин ҳақиқат диққати бештаре дошта бошанд, ки Туркия аз ҷумлаи аҳдофи аслии фаъолиятҳои созмонҳои ҷосӯсӣ дар ҷаҳон ба хусус фаъолиятҳои ҷосӯсии режими саҳюнистӣ қарор дорад.
Дар ҳамин замина метавон ба изҳороти Мадлен Олбрайт, вазири умӯри хориҷаи пешини Амрико ва соҳибназари сиёсии ғарбӣ ишора кард. Мадлен Олбрайт ба сароҳат гуфта буд: “Туркия бузургтар аз он аст, ки кишваре мухтаси туркҳо боқӣ бимонад”.
Дар воқеъ, ин сиёсатмадори демократи Амрико ду даҳаи пеш, бо сароҳат аз таҷзия ва тақсими Туркия ба чанд кишвар сухан ба миён оварда буд. Дар ин шароит, ин воқеиятро набояд нодида гирифт, ки давлатҳои ғарбӣ ба раҳбарии Амрико ва режими саҳюнистӣ сирфан ба манзури таҷзияи Туркия аз роҳҳои мухталиф талош мекунанду ҳамаи масоъии худро ба кор гирифтаанд то дар ин замина дар ҳар фурсате як гом ба пеш бардоранд.
Бо вуҷӯди ин, ба назар мерасад, ки мақомҳои давлати Раҷаб Тайиб Эрдуғон ба манзури тақвияти ҳарчӣ бештари робита бо душманони истиқлолу тамомияти арзии Туркия иҳтимом меварзад.
Бо таваҷҷуҳ ба раванди ҷорӣ бояд гуфт, дастгирии як гуруҳи 7 нафара аз ҷосусони Моссад дар Туркия барои нахустин бор нест. Пеш аз ин ва ба ҷуръат метавон гуфт, ки ҷараёнҳои ҷосӯсии ифшо шудаи Исроил дар Туркия дар яксоли гузашта аз теъдоди ангуштони даст фаротар рафтааст. Пеш аз ин низ мавориди мутааддиде аз талошҳои номашрӯъ бавижа фаъолиятҳои ҷосӯсии режими саҳюнистӣ дар Туркия, шиносоӣ ва муаррифӣ шуда буд. Дар воқеъ, бояд гуфт, дар тӯли панҷ моҳи гузашта, ин ҳафтумин шабакаи ҷосӯсии ифшо шудаи Исроил аст, ки дар Туркия кашфу муталошӣ шудааст.
Ин ифшогариҳо ва дастгириҳои ҷосусони режими саҳюнистӣ нишон медиҳад, ки ин режими номашрӯъ дар Туркия бисёр фаъол аст ва талош мекунад бо тахриби ин кишвар дар миёни кишварҳои мусулмон, аҳдофи худро гом ба гом пеш бибаранд. Бо ин ифшогариҳо метавон гуфт, режими саҳюнистӣ бар хилофи тасаввури бисёре аз сиёсатмадорони хушбини мусулмон, барои зарба задан ба ҷавомеи мусулмон аз ҳеҷ талоше фурӯгузор намекунад.
Бо вуҷӯди воқеиятҳои мавҷӯд набояд аз сиёсатҳои зидди исломии режими Исроил алайҳи давлатҳо ва миллатҳои мусулмон ғофил шуд. Дар воқеъ, таҳаррукоти режими саҳюнистӣ дар ростои хосту манофеи кишварҳои султагари ғарбӣ тадвин ва иҷро мешаваду ҷосӯсиҳои пай дар пайи авомили Исроил дар Туркия нишон медиҳад, ки тарҳу иддеаи таҷзияи Туркия ҳамчунон дар дастури кори кишварҳои султагар аст ва эҷоди хусумату душманӣ миёни Туркия ва кишварҳои ҳамсоя танҳо яке аз шеваҳое аст, ки давлатҳои султагар ба он умед бастаанд.
Бештар бихонед:
- Дастгирии ҳафт фарди гумонбар ба ҷосуси барои режими Исроил дар Туркия
- Тафсир. Идомаи иҷтимои густардаи зиддиисроилии мардуми Туркия