Твиттер ҳисоби корбарии шабакаи Алманорро масдуд кард
(last modified Sun, 03 Nov 2019 06:51:34 GMT )
Ноябр 03, 2019 11:51 Asia/Dushanbe
  • Твиттер ҳисоби корбарии шабакаи Алманорро масдуд кард

Шабакаи иҷтимоии Твиттер ҳисоби корбарии шабакаи телевизионии Алманори Лубнонро масдуд кард.

Ба нақл аз ПорсТудэй, Твиттер ҳисоби корбарии  шабакаи телевизионии Алманорро ба далели он чи ки нақзи қавонини ин шабакаи иҷтимоӣ хонда таълиқ кардааст.

Торнамои ҳисоби корбарии  шабакаи телевизионии Алманори Лубнон бо таъиди ин хабар навишт, ҳамаи саҳифаҳои марбут ба шабакаи Алманор аз ҷумла саҳифаҳои ахбор ва барномаҳои ин шабака дар Твиттер масдуд шудааст.

Шабакаи Алманор афзудааст, ин иқдоми Твиттер ба назар мерасад, ки ба хотири фишорҳои сиёсӣ анҷом гирифтааст.

Саҳифаи шабкаи Алманор дар Твитетр ҳудуди як миллион дунболкунанда дорад.

Пештар Том Рид, Макс Роз, Браян Фитзпатрик, Ҷош Гатмар чаҳор тан аз аъзои Маҷлиси намояндагони Амрико аз Ҷак Дорсӣ мудир омили Твиттер ба далели мизбонӣ аз ҳисобҳои корбарии вобаста ба Ҳизбуллоҳ ва Ҳамос интиқод карда буданд.

Давлати Амрико пеш аз ин фишорҳо алайҳи нерӯҳои Муқовимат дар минтақаро афзоиш дода ва таҳримҳои шадиде алайҳи онҳо иҷроӣ карда буд.