Ноябр 04, 2019 20:27 Asia/Dushanbe
  • Яман: Судон дар ҳоли тиҷорат бо ҷони сарбозони худ аст

​​​​​​​Сухангӯи нируҳои мусаллаҳи Яман зимни ироаи оморе аз низомиёни кушта шудаи судонӣ дар ҷанги Яман, эълом кард, ин кишвар бо ҷони сарбозонаш тиҷорат мекунад.

Яҳё Сареъ, сухангӯи нируҳои мусаллаҳи Яман дар конфронси матбуотӣ ба хисоратҳои ворид шуда ба нируҳои судонии ширкаткунанда дар ҷанги Яман пардохт ва эълом кард, аз ибтидои ҷанги Яман то кунун ҳашт ҳазор низомии судонӣ кушта, захмӣ ё мафқуд шудаанд.

Ба гузориши Форс, Сареъ гуфт, низоми Судон бо ҷони сарбозони худ тиҷорат ва бо фиреби онҳо аз тариқи шиор ва тавҷеҳ, иртизоқ мекунад.

Вай афзуд, дар моҳҳои ахир хисоратҳои сабт шуда дар сафҳои муздурони судонӣ ба 185 кушта ва даҳҳо захмӣ расидааст. Дар соли 2018 низ теъдоди кушташудаҳо дар миёни муздурони судонӣ ба 720 нафар расида ва садҳо нафари дигар низ захмӣ шуданд.

Сареъ идома дод, дар соли ҷорӣ низ теъдоди кушта шудаҳо дар миёни низомиёни судонӣ ба 459 нафар расида ва маҷмӯъ онҳо дар соли гузашта ва ҷорӣ ҳудуди 1354 нафар аст.

Вай афзуд, ҷамъи хисоратҳои ҷонии ворид шуда ба муздурони артиши Судон аз оғози ҳамалот ба Яман ба беш аз ҳашт ҳазор кушта, захмӣ ва мафқуд расида ва теъдоди куштаҳо ҳудуди 4253 нафар аст.

Сареъ идома дод, идомаи мушорикати Судон дар ҳамла ба Яман ҷуз барои хидмат ба дастуркорҳои эътилоф мутаҷовиз нест, типҳои низомии судонӣ дар ҷабҳаҳои марзӣ таҳти назорати Саудӣ ва дар ҷануб таҳти назорати Иморот ҳастанд.

Вай гуфт, ин низомиёни судонӣ тайи солҳои гузашта, муртакиби ҷиноёти мутааддид то ҳадди таҷовузи ҷинсӣ шудаанд.

 

Барчасп