Ноябр 05, 2019 12:11 Asia/Dushanbe
  • Сохти ду пойгоҳи низомии нави нерӯҳои амрикоӣ дар шарқи Сурия

Амрико дар рӯзҳои ахир иқдом ба сохти ду пойгоҳи низомии нав дар вилояти Дайруззур дар шарқи Сурия кардааст.

Пас аз шуруи амалиёти низомии Туркия дар шарқи Сурия, Амрико дар ҳоли тақвияти ҳузури низомии худ дар вилояти Дайруззури Сурия аст.

 Ба нақл аз ИКНО, ҳамчунин манобеи хабарӣ аз иқдоми Амрико мабнӣ бар сохти ду пойгоҳи низомии нав дар Сурия хабар доданд. Яке аз ин пойгоҳҳо дар шаҳраки Ассур дар шимоли Дайруззур ва дигарӣ дар мақарри типи 113 воқеъ дар шимоли шарқи ин вилоят аст.

Амрико нерӯҳои низомии худро дар атрофи чоҳҳои нафту гози Алъамр ,Коноко,Ҷифра ва Танк мустақар кардааст ва бино ба эъломи Вазорати дифои ин кишвар нерӯҳои бештаре низ барои муҳофизат аз ин чоҳҳо ба Сурия эъзом хоҳанд шуд.

Бозгашти Амрико ба Сурия дар ҳолест, ки мақомоти амрикоӣ дар 14 октиябри гузашта хабар доданд, ки ба ҳамаи нерӯҳои амрикоӣ, ки дар шимоли Сурия ҳузур доранд дастур дода шуда, ки хоки ин кишварро тарк кунанд.

Барчасп