Чуркин: Амрико гурӯҳҳои террористиро дар Сурия мусаллаҳ кард
(last modified Mon, 26 Sep 2016 09:36:12 GMT )
Сентябр 26, 2016 14:36 Asia/Dushanbe
  • Чуркин: Амрико гурӯҳҳои террористиро дар Сурия мусаллаҳ кард

Намояндаи доими Русия дар Созмони милал гуфт: Амрико аз бисёре аз гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия ҳимоят ва ононро ба силоҳ муҷаҳҳаз кард, то ба куштори ваҳшатнокашон идома диҳанд.

Ба иттилои хабаргузории Садо ва Симо, Виталий Чуркин дар нишасти изтирории Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид гуфт: Террористҳо дар Сурия аз хуруҷи ғайринизомиён аз манотиқи даргирӣ ҷилавгирӣ мекунанд касонеро, ки ба онон намепайванданд, мекушанд ва ҳамакнун беш аз 200 ҳазор ғайринизомӣ дар Ҳалаб асири Ҷибҳа-Алнусра ва дигар гурӯҳҳои террористӣ ҳастанд .

Чуркин гуфт: Амрикоиҳо муддаӣ ҳастанд, наметавонанд бар гурӯҳҳои мусаллаҳе, ки Вашингтон аз онҳо дар Сурия ҳимоят мекунад, таъсир бигузоранд ва ин дар ҳолест, ки Амрико ин гурӯҳҳоро мусаллаҳ кардааст .

Намояндаи доими Русия дар Созмони милали муттаҳид бо таъкид бар инки гурӯҳҳои мусаллаҳи сурӣ бояд бар асоси тавофуқи Маскав-Вашингтон худро таслим кунанд, афзуд: Ҳамакнун садҳо гурӯҳи ифротӣ дар саросари Сурия ҳузур доранд ва бо ин шароит барқарории сулҳ дар Сурия ба маъмурияте тақрйбан ғайримумкин табдил шудааст .

Чуркин бо ишора ба бадаҳдии амрикоиҳо ва нақзи мукаррари оташбас аз сӯи гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия таъкид кард: Маскав дигар бо ҳеч иқдоми як ҷонибае ба манзури таваққуфи хусуматҳо дар Сурия мувофиқат нахоҳад кард.