Ноябр 10, 2019 17:38 Asia/Dushanbe
  • Оғози омӯзиши забони форсӣ дар Донишгоҳи давлатии Кувейт

Ҳамзамон бо оғози давраҳои омӯзиши забони форсӣ дар Донишгоҳи давлатии Кувейт, шумори алоқамандон ба фарогирии забони дувуми ҷаҳони ислом афзоиш ёфтааст.

Намояндагии фарҳангии сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Кувейт эълом кард: Дар ҳоли ҳозир ҳамаи донишгоҳҳои мӯътабари ҷаҳони араб бахши забони форсӣ доранд ва муштаракоти фарҳангии ду кишвари ҳамсоя ва исломии Эрон ва Кувуейт иҷоб мекунад, ин бахш ҳар чи сареътар дар тамоми донишоҳҳои Кувейт доир шавад.

Тадриси забони форсӣ дар Кувейт собиқаи 50-сола дорад ва ҳар сол шумори форсиомӯзон дар ин кишвар афзоиш ёфтааст.

Илова бар дарсҳои донишгоҳ, бисёре аз марказҳои омӯзишии ғайридавлатӣ, монанди муҷтамаъҳои омӯзишӣ дар манотиқи пурҷамъияти Кувейт дарсҳо барои тадриси забони форсӣ баргузор мекунанд.

 

Барчасп