Ноябр 19, 2019 15:22 Asia/Dushanbe
  • Тахриби 140 манзили фаластиниён дар Қудси ишғолӣ

Режими саҳюнистӣ аз ибтидои соли равон то поёни моҳи сентябр 140 манзили маскунии фаластиниҳоро дар Қудси шарқӣ тахриб кардааст.

Ба нақл аз ИКНО, дар гузориши як маркази иттилооти ҳуқуқи башарӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ омадааст, ки саҳюнистҳо байни солҳои 2004 то 2018 солона ҳудуди 54 манзили фаластиниро дар Қудси шарқӣ тахриб карданд, ки ин омор дар соли 2019 ҳудуди се баробар шудааст.

Бар асоси ин гузориш саҳюнистҳо аз соли 2004 то кунун 964 манзил мутааллиқ ба фаластиниёнро дар Қудси шарқӣ тахриб карданд, ки ин масъала мунҷар ба ихроҷ ва оворагии се ҳазору 118 нафар шудааст.

Ин маркази ҳуқуқи башарӣ дар поён афзудааст, ҳадаф аз сиёсатҳои Исроил сахт кардани зиндагӣ барои фаластиниён дар Қудси шарқӣ ва иҷбори онҳо барои тарки ин шаҳр ва тағйири ҷуғрофиёи инсонии он ба нафъи худашон аст.

Режими саҳюнистӣ аз соли 1967 қисматҳое аз Каронаи Бохтарӣ аз ҷумла Қудсро ишғол кард. Ин режим муддаӣ аст ин сохтимонҳо ба сурати ғайри қонунӣ наздик ба монеаҳои низомӣ сохта шудааст. Сокинони ин минтақа ҷоеро барои сохти хона надоранд ва фишори режими саҳюнистӣ иҷозаи сохти хона дар сарзамини модарии фаластиниёнро аз онҳо гирифтааст.

 

Барчасп