Ноябр 20, 2019 11:42 Asia/Dushanbe
  • Боздошти беш аз 700 кудаки фаластинӣ

Бошгоҳи асирони фаластинӣ эълом кард, низомиёни режими саҳюнистӣ аз оғози соли 2019 то поёни октябр 745 кудаки фаластиниро боздошт карданд.

Ба нақл аз ИРНО, бошгоҳи асирони фаластинӣ дар гузорише ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии кудак тасреҳ кард, Исроил ҳуқуқи кудакони фаластинии боздошт шударо дар паҳлуҳои мухталиф поймолсозӣ кардааст, ба тавре, ки онҳо аз идомаи таҳсил, мулоқот бо хонаводаҳояшон ва ҳатто муолиҷа маҳрум шудаанд.

Бошгоҳи асирони фаластинӣ бо эъломи ин ки артиши ишғолгари саҳюнист кудакони фаластиниро мустақим ҳадафи гулула қарор медиҳад, афзуд, ин иқдомот афзун бар боздошт, зарбу шатм, таҳдид ва фишори низомиёни исроилии зидди кудакони фаластинӣ аст.

Бошгоҳи асирони фаластинӣ аз тамомии ниҳодҳои ҳуқуқи башарии байналмиллалӣ ва ба хусус сандуқи ҳимоят аз кудакони Созмони Миллали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) хост барои дифоъ аз ҳуқуқи кудакони фаластинӣ талоши дубаробареро анҷом диҳанд.

Пеш аз ин Маркази мутолиот ва мустанадсозии ҳайати умури асирон ва озодагони Фаластин бо эъломи ин ки режими саҳюнистӣ аз соли 1967 то кунун беш аз 50 ҳазор кудаки фаластиниро боздошт кардааст ҳушдор дод, боздошти кудакони фаластинӣ дар солҳои ахир ба шевае ҳадафманд ру ба афзоиш будааст.

Ин дар ҳолест, ки Антонио Гутереш дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид 14 ноябр дар гузориши Кумитаи вижаи Созмони Миллали Муттаҳид аз режими саҳюнистӣ хост ба ҳуқуқи кудакони фаластинӣ эҳтиром бигузорад.

Барчасп