Ноябр 23, 2019 14:14 Asia/Dushanbe
  • Интишори нусхаи комили «Мусҳафи таҷвид» дар Ироқ

Нусхаи комили «Мусҳафи таҷвид»-и ранга ба ҳиммати Маркази улуму Қуръон, тафсир ва чопи вобаста ба бахши маорифи инсонӣ ва исломии Остони муқаддаси Аббосӣ мунташир шуд. Ин мусҳаф, ки дар он аҳком, аломатҳо ва нишонаҳои вижаи илми таҷвид бо рангҳои мухталиф баён шуда, ба хатти Ҳамид Алсаъдӣ, хушнавис ва хаттоти ироқӣ ва бо мушорикати Сайидмуҳаммад Аламшарфоӣ, аз дигари хушнависони ироқӣ китобат шудааст.

Ба гузориши ИКНА, Шайх Зиёуддин Алзубайдӣ, мудири Маркази улуми Қуръон, тафсир ва чопи вобаста ба Остони муқаддаси Аббосӣ дар ин бора гуфт, ин мусҳаф аз сӯйи чопхонаи «Дорулкафил»-и Остони Аббосӣ чоп шуда ва коғази бисёр хубу бокайфияте барои чопи он истифода шудааст. Вай афзуд, дар мусҳаф нишонаҳо ва аломатҳои вижаи илми таҷвид бо рангҳои мухталиф мушаххас шудаанд ва барои касе, ки мехоҳад ҳунари қироату таҷвидро ба шеваи саҳеҳу мусаллат биёмӯзад, нусхаи бисёр муфид маҳсуб мешавад.

Алзубайдӣ бо баён ин ки ҷилди нахусти “Мусҳафи таҷвид” бо назорати кумитаи илмии мутахассис дар заминаи алоим ва ишораҳои вижаи илми таҷвид чоп шудааст, афзуд, рангҳое, ки дар ин нусха ба кор рафта, зебоӣ ва ҷаззобияти онро бештар карда ва хатту эъроби ба коррафта дар ин мусҳаф низ бисёр возеҳу осон аст ва аломатҳои рангие, ки дар поини сафаҳот омада, қориро дар фаҳму ёдгирии саҳеҳи аҳкоми таҷвид кумак мекунанд.