Ҳар 10 дақиқа як кудаки яманӣ мемирад
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i48559
Вазири беҳдошти давлати Наҷоти миллии Яман рӯзи шанбе бо интиқод аз раванди кумакрасонии Созмони Миллали Муттаҳид ба кудакони яманӣ гуфт, ҳар 10 дақиқа як кудаки яманӣ бар асари сӯитағзия мемирад ва ҳар соат 3 кудак бар асари муҳосираи Яман ва набуди хадамоти беҳдоштии лозим ҷон мебозанд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Ноябр 23, 2019 21:05 Asia/Dushanbe
  • Ҳар 10 дақиқа як кудаки яманӣ мемирад

Вазири беҳдошти давлати Наҷоти миллии Яман рӯзи шанбе бо интиқод аз раванди кумакрасонии Созмони Миллали Муттаҳид ба кудакони яманӣ гуфт, ҳар 10 дақиқа як кудаки яманӣ бар асари сӯитағзия мемирад ва ҳар соат 3 кудак бар асари муҳосираи Яман ва набуди хадамоти беҳдоштии лозим ҷон мебозанд.

Ба гузориши шабакаи хабарии Алмасира, Тоҳо Алмутаваккил бо муттаҳам кардани Созмони Миллали Муттаҳид хост, то дар хусуси сарнавишти ин пулҳо тавзеҳ диҳад.

Вазири беҳдошти Яман гуфт, дар рӯзи ҷаҳонии кудак аз Созмони Миллал таваққуи бозича надорем, аз онон мехоҳем то шароитро барои интиқоли кудакони маҷруҳ, ки зиндагии онон бо ҳар намуд бемориҳо таҳдид мешавад муҳаё кунанд.

Алмутаваккил афзуд, Созмони Миллал то кунун ҳеҷ ҳавопаймоеро барои наҷоти кудакон ба Яман нафиристода ва дар гузоришҳои худ ҳеҷ ҳимояти муассире аз вазъи таассуфбори онон накардааст.

Вазири беҳдошти давлати Наҷоти миллии Яман гуфт, солиёна ҳудуди 5 ҳазор кудаки яманӣ дар паи истифода аз аслиҳаи ғайримуҷози эътилофи саудӣ ба бемории неоплазм (эҷоди томорҳои бадхим дар бадан) дучор мешаванд.

Ин мақоми яманӣ ҳамчунин эълом кард, ки то кунун 7 ҳазору 516 кудак бо бомборони мустақими ҳавопаймоҳои эътилофи Арабистон ҷон бохтаанд ва 5 миллиону 400 ҳазор кудаки дигар ҳам дучори сӯитағзия ҳастанд.

Вазири беҳдошти Яман афзуд, 2 миллиону 200 ҳазор кудаки яманӣ ҳам аз ибтидои ҷанг ба бемории вабо дучор шудаанд, ки то кунун 3 ҳазору 750 нафар аз онон ҷон бохтаанд.

Арабистон ва Иморот ҳудуди чаҳор сол пеш дар қолиби эътилофе аз чанд кишвари ғарбӣ ва арабӣ ва бо кумаки Амрико ба баҳонаи бозгардондани Абди Рабиҳ Мансурҳодӣ раиси ҷумҳурии барканоршуда ва фирории ин кишвар ҳамалоти густардаеро алайҳи Яман фақиртарин кишвари арабӣ оғоз карданд.