Ноябр 24, 2019 20:16 Asia/Dushanbe
  • Тазоҳуроти мардуми Лубнон алайҳи изҳороти мудохилаҷӯёнаи мақоми амрикоӣ

Изҳороти мудохилаҷӯёнаи ахири Джефри Фелтман, сафири собиқи Амрико дар Лубнон, мӯҷиби таҷаммӯи шумори зиёде аз лубнониҳо муқобили сафорати Амрико дар минтақаи Авкар дар шимоли Бейрут шуд.

Фелтман чанд рӯз қабл дар гуфтугӯ бо рӯзномаи саудии "Ашшарқулавсат" иддао кард, ки ваҷҳаи "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон таи тазоҳуроти ахир махдуш шудааст, чун бахше аз мушкили сиёсии ин кишвар маҳсуб мешавад.

Изҳороти Фелтман, ки ҳафтаи гузашта дар баробари Конгресси Амрико бар забон овард, вокуниши "Ҳизбуллоҳ"-ро ба дунбол дошт.

Шайх Наим Қосим, дабири кулли "Ҳизбуллоҳ" дар ин хусус изҳор дошт: Фелтман замоне, ки лубнониҳоро ба интихоб байни масири мунтаҳӣ ба фақри ҳамешагӣ ё осоиши эҳтимолӣ соҳибихтиёр мекунад, заминаро дар баробари роҳкорҳое, ки Амрико барои наҷот мехоҳад, боз мекунад ва ин бар хилофи ҳуқуқи миллати Лубнон аст.

 

Барчасп