Ноябр 25, 2019 11:22 Asia/Dushanbe
  • Тамоюли Аврупо барои ба расмият шинохтани Фаластин

Вазири хориҷаи Люксембург ба Иттиҳоди Аврупо пешниҳод кард,ки Фаластинро ба расмият бишносад.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, Жан Асселборн-вазири умури хориҷаи Люксембург аз Иттиҳоди Аврупо хост то дар бораи ба расмият шинохтани Фаластин ба унвони як кишвар гуфтугӯ кунад.

 Ин дипломат дар гуфтугӯ бо расонаҳо афзуд, ки чунин тасмиме "тавозуни сиёсӣ" миёни тасмими Доналд Трамп-раисҷумҳури Амрико дар мавриди фаъолиятҳои режими саҳюнистӣ дар каронаи бохтарӣ хоҳад буд.

  Асселборн гуфт: "Фаластиниҳо монанди исроилиҳо ба ватан ва кишвар эҳтиёҷ доранд."

 Пеш аз ин Майк Пампео-вазири умури хориҷаи Амрико гуфта буд, ки давлати Доналд Трамп раисҷумҳури Амрико дар ҳоли баррасии мавзеъҳои Амрико дар мавриди қонунӣ будани шаҳраксозии Исроил дар Фаластин аст ва дигар онҳоро хилофи қонунҳои байналмиллалӣ намедонад.

 

Барчасп