Ҳамлаи ошӯбгарон ба консулгарии Эрон дар Наҷаф
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i48689-Ҳамлаи_ошӯбгарон_ба_консулгарии_Эрон_дар_Наҷаф
Расонаҳои ироқӣ шаби чаҳоршанбе аз ҳамлаи ошӯбгарон ба консулгарии Эрон дар шаҳри Наҷафи Ироқ хабар доданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 28, 2019 08:02 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи ошӯбгарон ба консулгарии Эрон дар Наҷаф

Расонаҳои ироқӣ шаби чаҳоршанбе аз ҳамлаи ошӯбгарон ба консулгарии Эрон дар шаҳри Наҷафи Ироқ хабар доданд.

Расонаҳои ироқӣ эълом карданд, гурӯҳе таҳти ливои эътироз ба авзои нобасомони иқтисодӣ дар Ироқ ба консулгарии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Наҷаф ҳамла кардаанд. Бархе расонаҳо ҳам гузориш доданд, ки шӯришиён консулгарии Эрон дар Наҷафро оташ задаанд. Бар асоси эъломи расонаҳои ироқӣ, даргирии шадиде байни иғтишошгарон ва нерӯҳои зиддишӯриш, ки барои ҳифозат аз консулгарии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба маҳал эъзом шудаанд, дар ҷараён аст. Ин ҳамла дар ҳоле сурат гирифт, ки дар устони Наҷаф муқаррароти манъи омадурафт вазъ шудааст. Иғтишошгарон дар Ироқ, ки дар ҳафтаҳои ахир гузоришҳое мабнӣ бар эътои маболиғи молии қобили таваҷҷуҳ ба онҳо аз сӯйи сафоратҳои бархе кишварҳои арабии ҳошияи ҷанубии Халиҷи Форс мунташир шудааст, пеш аз ин низ ба консулгариҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳрҳои Басра ва Карбало ҳамла карда буданд.

Ахиран бархе таҳлилгарон дар хусуси талошҳои дастҳои пушти парда барои барҳам задани равобити дӯстона ва роҳбурдии Эрон ва Ироқ, ки беш аз ҳар чизе дар мубориза бо гурӯҳи террористии ДИИШ таҷаллӣ пайдо кард, ҳушдор дода буданд.

Бархе аз устонҳои Ироқ, аз ҷумла Наҷаф дар ҳафтаҳои ахир шоҳиди баргузории тазоҳурот дар эътироз ба вазъияти номуносиби хадамоти умумӣ, набуди фурсатҳои шуғлӣ ва фасоди идорӣ ҳастанд, аммо ин эътирозот дар рӯзҳои ахир ба самти хушунат рафта ва даҳҳо куштаву захмӣ доштааст. Тазоҳурот дар Ироқ дар ҳоле ҳамчунон идома дорад, ки давлати ин кишвар тайи як моҳи гузашта 4 бастаи пешниҳодӣ бо меҳварияти таъмини мутолибаҳои муътаризон ироа кардааст.

Горди “Ҳизбуллоҳ”-и Ироқ ахиран эълом кард, давлати Амрико ва режими саҳюнистӣ ба иллати норизоиятӣ аз сиёсатҳои Бағдод дар нооромиҳои ахири Ироқ даст доранд. Раиси пулиси устони Басраи Ироқ ҳам тасреҳ кард, режими саҳюнистӣ, Арабистони Саудӣ ва Аморот барои барҳам задани оромиш ва субот дар Ироқ талош мекунанд.