Шунуди муколимоти амрикоиҳо бо террористҳои ДИИШ
Раиси порлумони Сурия гуфт, муколимоти миёни амрикоиҳо ва ДИИШ қабл аз ҳамлаи ҳавоии ахири шарқи Сурия шунуд шудааст.
Ба гузориши шабакаи телевизионии Алмаёдин, Ҳадия Халаф Аббос, раиси порлумони Сурия, ки ба Теҳрон сафар кардааст, рӯзи душанбе бо баёни ин ки артиши Сурия муколимоти миёни амрикоиҳо ва ДИИШ-ро шунуд кардааст, гуфт, артиши Сурия файли савтии муколимоти забт шуда миёни нерӯҳои амрикоӣ ва террористҳои ДИИШ-ро қабл аз ҳамлаи ҳавоии Амрико ба мавозеи артиши Сурия дар Дайрузур дар ихтиёр дорад.
Ин изҳорот дар ҳоле матраҳ шуда, ки Пентагон пеш аз ин иддао карда буд, ҳамла ба мавозеи артиши Сурия дар Дайрузур дар пайи иштибоҳ дар шиносоии мавозеи ДИИШ дар ин минтақа сурат гирифтааст.
Пеш аз ин низ, Валид Муалим-вазири хориҷаи Сурия дар изҳороте эълом карда буд, ҳамлаи ҳавоии Амрико ба Дайрузур иқдоме раъдосо ва як бора набуд, балки зарфи муддати 50 дақиқа ва бо ҳамоҳангии гурӯҳи ДИИШ анҷом шуда буд.
Дар ҳамалоти ҳафтаи гузаштаи ҷангандаҳои Амрико ба мавозеи артиши Сурия дар атрофи фурудгоҳи Дайрузур, дастикам 62 сарбози сурӣ кушта шуданд.