Ноябр 30, 2019 18:11 Asia/Dushanbe
  • Мироси силоҳҳои амрикоӣ барои кудакони ироқӣ

Мироси шуми маводи химиёӣ ва саммии ба ҷо монда аз таслиҳоти куштори ҷамъии Амрико дар миёни навзодони Ироқ, Ғазза ва Яман муҷиби ба дунё омадани навзодони ноқис дар ин минтақаҳо шудааст.

Ба нақл аз ИРНО, пас аз гузашти  беш аз 16 сол аз ҳамлаи низомии Амрико ба Ироқ дар соли 2003 пажуҳише нав нишон дод, ки навзодоне, ки акнун дар ин кишвар мутаваллид мешаванд ба далели осори маводи химиёӣ ва саммӣ да бомбҳои амрикоии партобшуда ба минтақаҳои мухталифи Ироқ бо нуқсонҳои ҷисмӣ таваллуд мешаванд.

Гуруҳи пажуҳишгарони пизишкии мустақил таъкид кард, ки мушкилоти бархоста аз ноқисулхилқа будан дар миёни кудакони ироқӣ, ки дар наздикии пойгоҳи ҳавоии Талил ба дунё меоянд сабт шудааст, ки ин пойгоҳ тавассути эътилофи низомӣ ба раҳбарии Амрико идора мешавад.

Ин кудакон аз бурузи мушкилот дар дастгоҳи асабии худ ва бемориҳои қалбӣ ва дасту пои маъюб ва фалаҷ ва ё надоштани дасту по ранҷ мебаранд ва дар бадани ҳамаи онҳо мизони хоссе аз ашаъаҳои ураниюм ёфт шудааст.

Мавзҷон Савабиясаванӣ яке аз пажуҳишгарони барҷастаи ин таҳқиқ гуфтааст, тамомии озмоишҳои анҷомшуда аз сатҳи болои ураниюм дар ҷисми кудакони маълули ироқӣ ҳикоят мекунад.

 

Барчасп