Декабр 01, 2019 19:28 Asia/Dushanbe
  • Маҷлиси Ироқ бо истеъфои нахуствазир мувафиқат кард

Маҷлиси Ироқ рӯзи якшанбе бо баргузории ҷаласаи фавқулодда бо истеъфои Одил Абдулмаҳдӣ, нахуствазири ин кишвар мувофиқат кард.

Нахуствазири Ироқ рӯзи ҷумъа аз истеъфои худ ба дунболи бархе нооромиҳо дар ин кишвар хабар дод.

Бар асоси эъломи хабаргузории Ироқ (Воъ) ин иқдоми Маҷлиси Ироқ бар асоси асли 75-и Қонуни асосии Ироқ анҷом шуд.

Муҳаммад Алҳалбусӣ, раиси Парлумони Ироқ низ пас аз пазириши истеъфои Абдулмаҳдӣ эълом кард, ки тибқи асли 76-и Қонуни асосӣ аз раисҷумҳур дархост мешавад, то барои интихоби нахуствазири ҷадид иқдом кунад.

Акнун бархе таҳлилгарони сиёсии Ироқ аз муаррифии фарде мустақили мавриди тасдиқи мардум ва мароҷеъ, ҳузур надоштан дар давлатҳои қабл, надоштани парвандаи фасод дар чанд рӯзи оянда хабар медиҳанд.

 

Барчасп