Декабр 02, 2019 21:43 Asia/Dushanbe
  • Маҷрӯҳ шудани се низомии рус дар инфиҷори бомб дар шимоли Сурия

Се низомии рус дар инфиҷори бомб дар шимоли Сурия маҷрӯҳ шуданд.

Вазорати дифои Русия аз маҷрӯҳ шудани се сарбози русӣ дар инфиҷори бомбаи канори роҳ дар шимоли Сурия хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс , як худрави зиреҳии русӣ дар ҳини амалиёти шиносоӣ қабл аз гаштзании муштарак бо Туркия дар як минтақа курднишин дар шимоли Сурия, бо як инфиҷор мувоҷиҳ шуд.

Вазорати дифои Русия гуфт, ин ҳодиса рӯзи душанбе (имрӯз) дар як минтақаи устони Ҳалаб ва дар имтидоди марзи Сурия ва Туркия рух дод.

Тибқи эъломи вазорати дифои Русия, се нафар аз нирӯҳои русии дохили мошин маҷрӯҳ шуданд, аммо ин ҳодиса талафоти ҷонӣ ба ҳамроҳ надоштааст.

Тибқи тавофуқи Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия дар 22 октябр гузашта (30 меҳр) дар шаҳри Сочи дар ҷануби Русия, шибҳи низомиёни курди Сурия то умқи 30 километрӣ дар шимоли Сурия ақибнишинӣ карданд ва муқаррар шуд, то ду кишвар гаштзании муштарак дар ин минтақа дошта бошанд.

Ин тавофуқ пас аз таҷовузи низомии Туркия ба Сурия ҳосил шуд. Артиш Туркия ба ҳамроҳи террористҳои мавсум ба Артиши Озоди Сурия аз 17 меҳрмоҳ амалиёти низомии худро дар шимоли Сурия ва бо ҳадафи иддаои дур кардани хатари шибҳи низомиёни курди Сурия оғоз карданд.