Боздошти муовини Абубакри Бағдодӣ
Декабр 04, 2019 10:07 Asia/Dushanbe
Муовини Абубакри Бағдодӣ, саркардаи кушташудаи гурӯҳи террористии ДОИШ, дар устони Киркуки Ироқ дастгир шуд.
Ба нақл аз ИРНА, Маркази иттилоърасонии Ситоди муштараки Ироқ эълом кард, ки нерӯҳои пулис дар устони Киркук тавонистанд Абу Халдунро дар хонаи истиқоматӣ, дар минтақаи 1-ми март дастгир кунанд.
Ин марказ дар баёнияе афзуд: Вай ҳомили корти шиносоии ҷаълӣ ба номи Шаълон Абид буд.
Ин ҷинояткор муовини Абубакри Бағдодӣ буда ва пештар низ ба унвони фармондеҳи низомии устони Салоҳуддин фаъолият кардааст.