Боздошти муовини Абубакри Бағдодӣ
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i48837-Боздошти_муовини_Абубакри_Бағдодӣ
Муовини Абубакри Бағдодӣ, саркардаи кушташудаи гурӯҳи террористии ДОИШ, дар устони Киркуки Ироқ дастгир шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 04, 2019 10:07 Asia/Dushanbe
  • Боздошти муовини Абубакри Бағдодӣ

Муовини Абубакри Бағдодӣ, саркардаи кушташудаи гурӯҳи террористии ДОИШ, дар устони Киркуки Ироқ дастгир шуд.

Ба нақл аз ИРНА, Маркази иттилоърасонии Ситоди муштараки Ироқ эълом кард, ки нерӯҳои пулис дар устони Киркук тавонистанд Абу Халдунро дар хонаи истиқоматӣ, дар минтақаи 1-ми март дастгир кунанд.

Ин марказ дар баёнияе афзуд: Вай ҳомили корти шиносоии ҷаълӣ ба номи Шаълон Абид буд.

Ин ҷинояткор муовини Абубакри Бағдодӣ буда ва пештар низ ба унвони фармондеҳи низомии устони Салоҳуддин фаъолият кардааст.