Декабр 05, 2019 16:25 Asia/Dushanbe
  • Буҳрони Ироқ ва эҳтимоли бозофаринии ДИИШ

Бо афзоиши таҳаррукоти бозмондаҳои ДИИШ, ҳушдорҳо дар бораи бозофаринии ин гурӯҳи террористӣ дар Ироқ афзоиш ёфтааст.

Ироқ ҳамчунон бо ноамнӣ ва хушунат мувоҷеҳ аст, вазъияте, ки унсури мухолифи дохилӣ бо ҳимояти меҳвари амрикоӣ- арабӣ-ибрӣ дар ин кишвар эҷод карданд.

Яке аз нигарониҳои муҳимме, ки дар бораи Ироқ имрӯза вуҷӯд дорад, эҳтимоли бозофаринии гурӯҳи террористии ДИИШ дар ин кишвар аст, дар ҳоле, ки декабри 2017 пирӯзӣ бар ДИИШ дар Ироқ ва рафъи таҳдиди таҷзияи ҷуғрофиёии ин кишвар эълом шуда буд.

Ба таври куллӣ, шаклгирӣ ва қудратгирии ДИИШ натиҷаи бесуботии сиёсӣ ва вуҷӯди заминаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар кишварҳои ҳадаф аст.

Ироқ дар соли 2014 бо мунозиаи сиёсии гурӯҳҳо барои дар ихтиёр гирифтани мақоми нахуствазирӣ мувоҷеҳ буд ва дар ҳамин ҳол, фақр, фасод ва таъорузҳои фирқаӣ низ дар ин кишвари ошкоро ва пинҳонӣ вуҷӯд дошт.

Коршикании бозигарони минтақаӣ ва фароминтақаӣ низ зидди давлати Ироқ вуҷӯд дошт. Аз ин рӯ, гурӯҳи террористии ДИИШ вориди Ироқ шуд,  аз се як ҳисса аз ҷуғрофиёи ин кишварро дар ихтиёр гирифт ва тайи 4 сол, ҷиноятҳои бе собиқаеро дар ин кишвар муртакиб шуд.

Ироқ дар охирин моҳи соли 2019 на бо бесуботӣ, балкӣ бо буҳронҳои мутаъаддид мувоҷеҳ аст.

Норизоятии иқтисодии мардум ба буҳрони амниятӣ ва сиёсӣ табдил шуда, давлат мустақар ба давлати пешбурди умӯр, ки қудрати тасмимгирӣ надорад табдил шуда ва дар сӯрати нокомии гурӯҳҳо барои муаррифии нахуствазири ҷадид, имкони вурӯд ба давраи халаи сиёсӣ низ вуҷӯд дорад.

Коршикании мухолифони хориҷӣ низ ба барномарезии онҳо барои нобудии ниҳодҳои қонӯнии қудрат дар Ироқ табдил шудааст.

Бозмондаҳои ДИИШ барои иҷроӣ кардани ин барнома, ҷойгоҳи хоссе барои мухолифони хориҷии низоми сиёсии Ироқ ба хусӯс Амрико, режими саҳюнистӣ, Арабистони Саудӣ ва Иморот доранд.

Дар ҳамин росто  Сири Ал Баётӣ, дабири кули Шӯрои ашоири арабии Ироқ аз эҳтимоли фирори 6 ҳазор террористи ДИИШ аз зиндони марказии Ал Носирия дар устони Зиқор дар натиҷаи нооромиҳои ахир хабар дод.

Бозмондаҳои гурӯҳи террористии ДИИШ, ки мусаббиби бахше аз харобкориҳо ва хушунатҳои ду моҳи ахир дар Ироқ ҳастанд, якшанбеи гузашта дар устони Диёлӣ амалиёти террористӣ анҷом доданд, ки дар ин амалиёт 6 нафар аз нерӯҳои мардумӣ ба шаҳодат расида ва 17 нафар аз онон аз ҷумла фармондеҳи типи 20 ин нирӯҳо низ захмӣ шуданд.

Ин амалиёти нишонае аст, мабнӣ бар инки бозмондаҳои ДИИШ дар Ироқ аз ҳастаҳои буҳронсоз ҳастанд ва аз сӯи дигар нишонае аст, мабнӣ бар инки эҳтимолан террористҳои ДИИШ муваффақ шуданд бо баҳрагирӣ аз нооромиҳо ва бо кумаки бархе аносури дохилӣ аз ҷумлаи ҳизби мунҳалаи Баъс аз зиндонҳои Ироқ фирор кунанд.

Бо тавваҷуҳ ба ин шароит, басиҷи мардумии Ироқ рӯзи дувуми декабр бо эъломи инки террористҳои ДИИШ таҳаррукотеро дар устонҳои Найнаво, Салоҳиддин, Ал Анбор, Диёлаҳ, Каркӯк ва атрофи Бағдод оғоз кардаанд, дар бораи хатари бозофаринии гурӯҳи террористии ДИИШ дар ин кишвар ҳушдор дод.

 

Барчасп