Ибрози нигаронии Девони Байналмилалии Кайфарӣ аз густариши ишғолгарии режими саҳюнистӣ
Бозпурси Девони Байналмилалии Кайфарӣ дар бораи эҳтимоли пайвастани дарраи Урдун ба Фаластини ишғолӣ ибрози нигаронӣ кардааст.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Фату Бенсуда, бозпурси Девони байналмилалии Кайфарӣ бо интишори гузорише эълом кард, эҳтимоли иқдоми Исроил дар илҳоқи дарраи Урдун ба сарзаминҳои таҳти ҳокимият худ аз мавориди ҷиддии нигаронӣ аст.
Бенсуда, ки аз панҷ соли пеш баррасии парвандаи ишғолгарии режими саҳюнистӣ дар Каронаи бохтарии рӯди Урдунро оғоз кардааст, дар гузориши имсол низ монанди гузориши соли гузаштаи 2018 гуфта, ки дар остонаи тасмимгирӣ дар мавриди вуруд ба парвандаи “ҷиноётм ҷангӣ”-и Исроил аст.
Гузориши Бенсуда чанд рӯз пас аз он мунташир мешавад, ки Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ гуфт, ки дар гуфтугӯи телефонӣ бо Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, дар мавриди илҳоқи дарраи Урдун сӯҳбат кардааст.
Дар вокунише дар ин замина Маҳмуди Аббос, раиси ташкилоти худгардони Фаластин эълом кардааст, ки агар режими саҳюнистӣ ба илҳоқи дарраи Урдун ба сарзаминҳои ишғолӣ иқдом кунад, ташкилоти худгардони Фаластин ба Девони Байналмилалии Кайфарӣ шикоят хоҳад кард.