Декабр 08, 2019 19:40 Asia/Dushanbe
  • Намояндаи Кнессет: Даврони Нетаняҳу ба поён расидааст

Аҳмад Аттайибӣ аз аъзои феҳристи муштараки аҳзоби араб дар Кнессет (парлумон)-и режими саҳюнистӣ рӯзи шанбе таъкид кард, авлавияти ин феҳрист, сарнагунии Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ аст.

Ба гузориши ИРНА, Аҳмад Аттайибӣ бо баёни ин, ки даврони нахуствазири режими саҳюнистӣ ба сар омадааст изҳор дошт: Нетаняҳу бояд аз қудрат канорагирӣ кунад.

Авихай Менделблит, додситони кулли режими саҳюнистӣ, панҷшанбе 21-и ноябр расман алайҳи Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири ин режим эъломи ҷурми вайро ба фасоди молӣ, тақаллуб ва сӯистифода аз эътимоди умумӣ муттаҳам кард.

Нетаняҳу дар тӯли моҳҳои ахир даргири 4 парвандаи фасоди молӣ будааст. Парвандаҳое, ки дар расонаҳо ба "Парвандаи 1000", "Парвандаи 2000", "Парвандаи 3000" ва "Парвандаи 4000" маъруф шудааст.

 

Барчасп