Декабр 10, 2019 10:31 Asia/Dushanbe
  • Гаштзании полиси  низомии Русия дар се вилояти Сурия

Фармондеҳи Маркази оштии Русия дар Сурия мегуяд, полиси низомии ин кишвар рӯзи душанбе панҷ маъмурияти гаштзанӣ дар се вилояти шимоли шарқии Сурия анҷом додааст.

Генерал Юрӣ Боренков фармондеҳи Маркази оштии Русия дар Сурия гуфт, полиси низомии рус панҷ маъмурияти гаштзанӣ дар ҳафт меҳвари  вилоятҳои Раққа, Ҳалаб ва Ҳасака анҷом додааст.

Ба нақл аз Форс, ҳамчунин афсарони Маркази оштии Русия дар Сурия дар рӯзи душанбе як амалиёти инсонӣ анҷом дода ва 1.61 тонна маводи ғизоиро ба шаҳраки Шайх Мискин дар вилояти Даръо расонданд.

Аз сӯи дигар полиси низомии Русия ба ҳамроҳи низомиёни туркияӣ рӯзи шанбе чаҳордаҳумин давр аз гаштзаниҳои муштараки худро дар шимоли Сурия ва маҳдудаи мавсум ба минтақаи амн (мавриди назари Анкара) дар шарқи рӯдхонаи Фурот анҷом доданд.

Пеш аз ин халабонҳои низомии Русия  мустақар дар шимоли Сурия гуфта буданд, ки маҳватаи гашти ҳавоии онҳо густариш пайдо карда ва қарор аст минтақаҳои наверо дар шарқи руди Фурот пушиш диҳад.

 

Барчасп