Декабр 11, 2019 18:54 Asia/Dushanbe
  • Марги рӯзона 1000 кӯдак дар Яман бар асари ҷанги Саудӣ

Вазири беҳдошти Яман эълом кард, рӯзона 1000 кӯдак дар Яман ҷони худро аз даст медиҳанд.

Тоҳо Алмутаваккил, вазири беҳдошти давлати наҷоти миллии Яман эълом кард, бахши беҳдоштии Яман аз бахшҳое аст, ки дар натиҷаи таҷовузоти эътилофи саудӣ-амрикоӣ бештарин осебро дида ва созмонҳои байналмилалӣ ба хотири муҳосира, ниёзҳои ин бахш дар Яманро таъмин намекунанд. Бинобарин рӯзона 1000 кӯдак дар Яман мемирад.

Ба гузориши “Форс”, Алмутаваккил дар конфронси матбуотӣ афзуд: “Мо шоҳиди куштори кӯдакони Яман ба дасти эътилоф ҳастем ва дастикам рӯзе ҳазор кӯдак мемирад ва шаш ҳазор зан ба далели мушкилоти ношӣ аз бордорӣ ва зоимон фавт кардаанд. Эътилоф дар ҳол нобудии як насли комил аст ва таъсисоти беҳдоштӣ ба сурати мустақим бомбаборон мешавад”.

Вазири беҳдошти Яман хостори бозкушоии фурудгоҳи Санъо барои костан аз фоҷеаи инсонӣ ва беҳдоштӣ шуд ва гуфт, 93 дарсад аз таҷҳизоти пизишкӣ аз давр хориҷ шудааст.

Алмутаваккил таъкид кард, тамоми дастгоҳҳои вижаи катетрайзейшн (Catheterization) -и қалб, ки аз он барои ташаххуси беморҳои қалб истифода мешавад, аз байн рафта ва беморон маҳкум ба марг ҳастанд.

Вай гуфт, Яман ниёзманди панҷсад миллион доллар дар бахши тибби дармонӣ ва чаҳорсад миллион доллар дар бахши риоятҳои беҳдоштии аввалия аст.

 

 

Барчасп