Ибрози ҳамдардӣ бо мардуми Арабистон ба далели сиёсатҳои золимонаи Оли Сауд
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i4921-Ибрози_ҳамдардӣ_бо_мардуми_Арабистон_ба_далели_сиёсатҳои_золимонаи_Оли_Сауд
Раҳбари гурӯҳи "Садр" дар паёме ба ҷомеаи Арабистон эълом кард, мардуми Ироқ ҳаргиз ранҷҳои мардуми Арабистонро фаромӯш намекунанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 27, 2016 10:25 Asia/Dushanbe
  • Ибрози ҳамдардӣ бо мардуми Арабистон ба далели сиёсатҳои золимонаи Оли Сауд

Раҳбари гурӯҳи "Садр" дар паёме ба ҷомеаи Арабистон эълом кард, мардуми Ироқ ҳаргиз ранҷҳои мардуми Арабистонро фаромӯш намекунанд.

Ба навиштаи пойгоҳи хабарии "Савмария нюс", Муқтадо Садр, раҳбари гурӯҳи "Садр"-и Ироқ дар посух ба номаи фаъолони арабистонӣ дар бораи зулм, фирқагароӣ ва табъизи ҳокимони саудӣ ба ақшори ҷомеа гуфт, мардуми Ироқ бо ранҷҳое, ки мардуми Арабистон мутаҳаммили он ҳастанд, ибрози ҳамдардӣ мекунанд.

Муқтадо Садр ҳамчунин дар вокуниш ба номаи фаъолони арабистоние, ки худро зери султаи тундравҳо ва ифротгароён тавсиф карда буданд, гуфт, таслим дар баробари фирқагароӣ ва тафриқаафканиҳо пазируфтанӣ нест ва онон бояд бар мантиқи эътидол дар масири аҳдофашон собитқадам бошанд.

Раҳбари ҷараёни "Садр" бо ишора ба огоҳии режими Оли Сауд аз хатароти терроризм тасреҳ кард, ин режим дар ниҳоят бояд масъалаи терроризмро аз мазҳаб ҷудо кунад.

Садр ҳамчунин бо ишора ба вазъияти буҳронии мардуми Арабистон дар сутуҳи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, дар натиҷаи сиёсатҳои ҳукумати ифротии саудӣ ва мавозеи ҳимояти онон аз террористҳои ДИИШ хотирнишон кард, Арабистон барои хуруҷ аз ин бунбаст бояд ҳимоят аз террористҳои ДИИШ дар минтақаро мутаваққиф кунад.