Декабр 18, 2019 13:25 Asia/Dushanbe
  • Озодии 10 асири дигари артиш ва кумитаҳои мардумии Яман

Давлати Санъо аз озодии 10 асири артиш ва кумитаҳои мардумии Яман аз асорати шибҳи низомиёни эътилофи Саудӣ дар ҷабҳаи Шабваи ин кишвар хабар дод.

Ба нақл аз Форс, Абдулқодир Алмуртазо, раиси кумитаи миллии умури асирони давлати Наҷоти миллии Яман ва узви ҳайати музокиракунандаи Санъо дар ҳисоби корбарии худ дар Твиттер навишт: Ба ҳавл ва қувваи илоҳӣ 10 нафар аз асирони артиш ва кумитаҳои мардумӣ рӯзи сешанбе, таи як амалиёти мубодилаи асирон ва бо миёнҷигарии бумиҳо дар ҷабҳаи устони Шабва озод шуданд.

Кумитаи миллии умури асирон ва мафқудони Яман рӯзи шанбе ҳам аз озодии ҳашт нафари дигар аз асирони артиш ва кумитаҳои мардумӣ, якояк амалиёти мубодилаи асиронро дар чанд ҷабҳа ва бо миёнҷигарии бумиҳо хабар дода буд.

Амалиёти мубодилаи асирон миёни давлати Наҷоти миллии Яман ва давлати мустаъфӣ дар навбатҳои мутааддид ва ҳар бор ба теъдоди андак анҷом мешавад.