Декабр 23, 2019 22:09 Asia/Dushanbe
  • Нақзи оташбаси ғарби Яман аз тарафи эътилофи Саудӣ

Эътилофи Саудӣ бар хилофи тавофуқи оташбас дар устони Ал Ҳудайда дар ғарби Яман, ҳанӯз манотиқе аз ин устонро ҳадаф қарор медиҳад.

Як манбаъ низомӣ дар ин хусус гуфт, ки ҷангандаҳои эътилофи Саудӣ, нуқоте дар устони Саъдаро бомбаборон карданд. Ба гузориши ин манба шибҳинизомиёни вобаста ба эътилофи Саудӣ ҳамчунин манотиқе аз шаҳристони марзии Розаҳро низ ҳадафи ҳамлаи мушакӣ ва тӯпхонаӣ қарор доданд.

Ба гузориши Форс, шибҳинизомиёни вобаста ба эътилофи Саудӣ минтақаҳое аз устони Ал Ҳудайро бо беш аз 17 рокет ё мушак ҳадаф қарор дода ва истеҳкомоти ҷадиде дар масири ал Савобия эҷод карданд.

Эҷоди истеҳкомот бар хилофи тавофуқи оташбас дар Ал Ҳудайда аст. Ин иқдомот нишонаи қасди эътилоф барои идомаи ҳамалот аст.

Эътилофи Саудӣ рустои Ашшаҷан дар атрофи шаҳри ал Дирҳамиро низ ҳадаф қарор додааст, ки бар хилофи тавофуқи оташбаси ал Ҳудайда аст.