Декабр 24, 2019 18:26 Asia/Dushanbe
  • Кашфи 18 гӯри дастаҷамъӣ дар Ироқ

Созмони шуҳадои Ироқ аз кашфи 18 гӯри дастаҷамъӣ дар устонҳои мухталифи ин кишвар дар соли 2019 хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, Зиё Карим, мудири бахши гӯрҳои дастаҷамъӣ дар Созмони шуҳадо гуфт, ин гӯрҳо ба қурбониёни ҷиноёти гурӯҳҳои террористии "Алқоида", ДИИШ ва ҳамчунин ҷиноёти баъсиҳо бармегардад. Вай таъкид кард, ки ба хотири афзоиши теъдоди мафқудон ҷустуҷӯ барои кашфи гӯрҳои дастаҷамъии ҷадид ҳамчунон идома дорад.

Гурӯҳи террористии ДИИШ дар муддати ишғоли сесолаи худ бар манотиқе аз Ироқ ҷиноятҳои густурдаеро муртакиб шуд, ки аз ҷумла метавон ба қатли омҳои ҷамъӣ, рабудани духтарон, занони ҷавону интиқоли онон ба бозорҳои бардафурӯшӣ ва оворагии ҳудуди се миллион шаҳрванди Ироқ ишора кард.  ДИИШ ба таърих ва тамаддуни Ироқ низ раҳм накарда, бисёре аз осору биноҳои таърихӣ ва низ мақбараҳои паёмбарон, калисоҳо, маобид, масоҷид ва амокини мазҳабиро вайрон кард.

 

Барчасп