Декабр 28, 2019 19:25 Asia/Dushanbe

Беш аз чаҳор сол аст, ки Арабистон бо ҳамалоти ҳавоӣ ба Яман ва бомборони ин кишвар ҳазорон нафарро ба хоку хун кашида ва миллионҳо нафари дигарро овора кардааст.

Дар ин миён давлати Англия танҳо бо ироаи таслиҳоти низомӣ ба Арабистон дар ҷанги Яман ҳузур надорад, балки бо нақзи қавонини дохилӣ ва эъзоми коршиносони дифоӣ ба Риёз дар идомаи ин ҷанги хунин нақши бузурге ифо мекунад.

Мардуми Яман ҳар рӯз бо бомбҳои сохти Англия ҳадафи ҳамла қарор мегиранд ва Англия дар канори ирсоли таслиҳоти низомӣ бо эъзоми паймонкорони низомӣ, халабонон ва ҳавопаймоҳои саудиро ба манзури омода шудан барои ҳамалоти нав дар Яман ҳимоят мекунад.

Тибқи қонуни Англия судури иҷозатномаи содироти силоҳ дар сурате, ки ин силоҳҳо алайҳи ғайринизомиён истифода шаванд, ғайриқонунӣ аст.