Декабр 28, 2019 20:20 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури шаш ҳазор диишӣ дар Ироқ

Коршиноси амниятии наздик ба дастгоҳҳои иттилоотӣ ва амниятии Ироқ гуфт, ки шаш ҳазор диишӣ дар минтақаҳои озодшуда аз ин гуруҳи террористӣ ҳамчунон дар Ироқ пароканда ҳастанд.

Ба нақл аз ИРНО, Фозил Абурағиф афзуд, ки теъдоди куллии унсурҳои диишии пароканда дар минтақаҳои озодшуда аз ишғоли ин гуруҳ дар Ироқ, ки дар камини лаҳзаи муносиб барои аз саргирии фаолиятҳои террористии худ нишастаанд ҳудуди шаш ҳазор нафар баровард мешавад.

Вай яке аз муҳимтарин минтақаҳои ҳузур ва фаолияти унсурҳои террористии ДИИШро дар ғарби вилояти Найнаво ҳамҷавори марзҳои Ироқ бо Сурия донист.

Абурағиф афзуд, ки ДИИШ дар паи он аст, то аз шароити ошуфтаи Ироқ, буҳрони сиёсӣ ва эътирозҳои мардумии вилоятҳои ҷануб, марказ ва пойтахт барои созмондеҳии дубораи сафҳои худ ва даст задан ба амлиёти террористӣ баҳра гирад.

Вай гуфт, ки илова бар шаш ҳазор диишии мавҷуд дар Ироқ беш аз ҳашт ҳазор диишӣ низ дар Сурия пароканда ҳастанд.

Ин коршиноси амниятӣ теъдоди унсурҳои диишии мавҷуд дар боздоштгоҳҳо, зиндонҳо ва урдугоҳҳои Ироқро низ беш аз 70 ҳазор нафар эълом кард ва афзуд, дар шароити кунунӣ он чи барои ин гуруҳи террористӣ дорои аҳамият аст, истиқрор ва ҳузур ва ба даст овардани пул барои ҳифзи ҳастаҳои хуфтаи ДИИШ дар минтақаҳои мухталифи Ироқ ва Сурия аст.

Фаолияти гуруҳи террористии ДИИШ дар Ироқ дар ҳафтаҳои ахир ҳамзамон бо эътирозҳои иҷтимоӣ дар вилоятҳои ҷануб, марказ ва пойтахти Ироқ аз се моҳи пеш ба таври маҳсусе афзоиш ёфтааст.

Барчасп