Идомаи тавқифи киштиҳои ямании ҳомили сӯзишворӣ тавассути эътилофи саудӣ
(last modified Sun, 29 Dec 2019 07:03:30 GMT )
Декабр 29, 2019 12:03 Asia/Dushanbe
  • Идомаи тавқифи киштиҳои ямании ҳомили сӯзишворӣ тавассути эътилофи саудӣ

Эътилофи саудӣ барои танг кардани арса бар мардуми Яман, ҳамчунон 9 киштии ҳомили даҳҳо ҳазор тонна бензин ва газро дар тавқиф нигаҳ доштааст.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, ширкати нафти Яман эълом кард, 9 киштии тавқифшуда, ки иҷозатномаи вуруд ба бандари Алҳудайдаро низ доранд аз аввалҳои ноябри гузашта дар тавқиф ҳастанд.

Ширкати нафти Яман бо баёни ин ки эътилофи мутаҷовизи саудӣ бо идомаи сиёсати тавқифи киштиҳои нафтӣ, дунболи тангтар кардани арса бар ғайринизомиёни яманӣ ва афзоиши ранҷи онҳо аст, мутаҷовизони саудӣ ва Созмони Миллали Муттаҳидро масъули нақзи мукаррари тавофуқи сулҳи Шветсия донист.

Арабистони саудӣ панҷ сол аст бо ташкили эътилофе бо ҳимояти Амрико ва режими саҳюнистӣ зимни ҳамалоти густардаи ҳавоӣ ба шаҳрҳои мухталифи Яман, аз расидани маводи ғизоӣ, доруӣ ва дигар ниёзҳои мардум ба шаҳрҳои мухталифи ин кишвар пешгирӣ мекунад.

Эътилофи саудӣ борҳо киштиҳои ҳомили муштақоти нафтиро дар дарё мутаваққиф карда ва монеи идомаи роҳи онон барои тахлияи фаровардаҳои нафтӣ дар бандари Алҳудайдаи Яман шудааст.