Интиқоди Русия аз ҳамлаи Амрико ба мавозеи басиҷи мардумии Ироқ
(last modified Tue, 31 Dec 2019 12:47:58 GMT )
Декабр 31, 2019 17:47 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Русия аз ҳамлаи Амрико ба мавозеи басиҷи мардумии Ироқ

Вазорати умури хориҷии Русия аз ҳамалоти ҳавоии Амрико алайҳи мавозеи нерӯҳои басиҷи мардумии Ироқ мавсум ба "Ҳашдушшаъбӣ"-и Ироқ интиқод кард.

Ба гузориши хабаргузории “Рейтерз”, Вазорати умури хориҷии Русия рӯзи душанбе дар баёнияе ҳамалоти ҳавоии Амрико алайҳи мавозее дар Ироқу Сурияро ғайрисозанда ва ғайри қобили пазириш унвон кард.

Паҳподҳои амрикоӣ якшанбешаб мавозеи воҳидҳои 45 ва 46-и “Ҳашдушшаъбӣ” дар шаҳри Алқоим, дар марзи Ироқ бо Сурияро ҳадаф қарор доданд, ки дар ин ҳамла дастикам 30 нафар аз аъзои "Ҳашдушшаъбӣ" шаҳид ва 51 нафари дигар захмӣ шуданд. Лаҳазоте пас аз ин ҳамла мардум, масъулон, шахсиятҳои сиёсӣ ва давлати Ироқ иқдоми Амрико дар нақзи ҳокимияти миллӣ ва тамомияти арзии кишварро маҳкум карданд.

Ба ин муносибат нахуствазири Ироқ дар ин кишвар се рӯз мотами миллӣ эълом кард.