Ҳамлаи ироқиҳои хашмгин ба сафорати Амрико (видео)
Дар эътироз ба ҳамлаи ҳавоии Амрико ба Нерӯҳои басиҷи мардумии Ироқ ҷамъи густардае аз мардуми ин кишвар зуҳри имрӯз бо ҳамла ба сафорати Амрико дар Бағдод бурҷҳои муроқибатии ин сафоратро ба оташ кашиданд.
Муътаризони ироқӣ рӯйи яке аз дарвозаҳои сафорати Амрико дар Бағдод навиштаанд: «Ин сафорат ба фармони миллат таътил аст». Ҳамзамон тамоми дипломатҳои Амрико дар Бағдод ин кишварро тарк карданд. Сафири Амрико дар Ироқ низ ин кишварро тарк карда, агарчи гуфта мешавад, вай пеш аз 25 декабр аз Ироқ хориҷ шудааст.
Муътаризон қасд доранд, бо насби чодарҳое дар муқобили сафорати Амрико дар ин маҳал даст ба таҳассун (навъе аз эътироз) бизананд. Хостаи тазоҳуркунандагон ин аст, ки сафорати Амрико дар Бағдод таътил шавад ва нерӯҳои амрикоӣ аз Ироқ берун ронда шаванд.