Январ 01, 2020 21:38 Asia/Dushanbe
  • Ширкати занони мусулмон дар навори Ғазза дар як тарҳи тавонмандсозии иҷтимоӣ

Занони мусулмони навори Ғазза шодии “Кристмас”-ро бо масеҳиён шарик мешаванд.

Ин занон бо духтани арӯсакҳо ва асбоббозиҳои солинавӣ, ҳамдилӣ миёни адёнро бо масеҳиён нишон медиҳанд.

Занони мусулмон дар навори Ғазза, дар Фаластини ишғолӣ, ба унвони бахше аз як тарҳи тавонмандсозии ҷомеаи суннатӣ, ҳадоёи дастсозиро барои ҳамшаҳриёни масеҳӣ таҳия мекунанд.

Онҳо асбоббозиҳои Кристмас, арӯсакҳо (лухтак) -и бобои барфӣ ва арӯсакҳои сурху сафедро, ки дар муддати таътилот дар навори Ғазза, Байтуллаҳм, бо тақозои зиёде аз сӯи масеҳиён рӯ ба рӯ мешавад, бо даст медӯзанд.

Лайло Тая, тарроҳи маҳсулоти ин гурӯҳ дар ин бора гуфт, паёмбари Ислом (с) моро ба эҳтиром ба ҳамаи динҳои мухталиф ташвиқ карда ва мо дӯст дорем дар ҷашну ид ба онҳо бипайвандем.

Тия ва ҳамкоронаш бахше аз анҷумани таовуни “Зейно” ҳастанд ва дар ҷомеаи Ғазза, ки ағлаб фаъолиятҳои занон дар хориҷ аз хона маҳдуд аст, фаъолият мекунанд.

Ҳанин Ассамак, мудири иҷроии анҷуман ҳам дар ин бора гуфт, ин тарҳ ба занон омӯзишҳои наҷҷорӣ ва дӯзандагӣ додааст ва ба онҳо ин имконро медиҳад, ки хонаҳои худро тарк карда, кор кунанд ва шодии Кристмасро тарвиҷ диҳанд.

Навори Ғазза муддатҳо аст дар муҳосираи режими саҳюнистӣ қарор дорад ва мардуми ин сарзамин аз фақру бекорӣ ранҷ мебаранд.