Январ 05, 2020 10:30 Asia/Dushanbe
  • Эъломи 3 рӯз азои умумӣ дар Ироқ

Одил Абдулмаҳдӣ нахуствазири Ироқ дар паи шаҳодати сардор сипаҳбуд ҳоҷ Қосими Сулаймонӣ фармондеҳи нерӯи қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва Абумаҳдӣ Алмуҳандис муовини Созмони басиҷи мардумии Ироқ (Ҳашад Аш-Шаъбӣ) се рӯз азои умумӣ дар ин кишвар эълом кард.

Ба нақл аз Форс, Намояндагии нахуствазирии Ироқ шанбешаб дар баёнияе эълом кард, аз рӯзи шанбе дар саросари Ироқ ба муддати 3 рӯз азои умумӣ аст.

Сардор сипаҳбуд ҳоҷ Қосими Сулаймонӣ фармондеҳи нерӯи қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва  Абумаҳдӣ Алмуҳандис муовини Созмони басиҷи мардумии Ироқ Ҳашад Аш-Шаъбӣ ва 8 нафар аз ёронашон  бомдоди рӯзи ҷумъа дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои мутаҷовиз ва террористи амрикоӣ дар фурудгоҳи Бағдод пойтахти Ироқ ба шаҳодат расиданд.

Бар асоси эъломи Вазорати ҷанги Амрико Пентагон дастури ин ҳамали ҳавоиро Доналд Трамп раиси ҷумҳури ин кишвар содир карда буд.

Бисёре аз кишварҳо ин иқдоми террористии Амрикоро маҳкум кардаанд.

Сардор Сулаймонӣ ва Абумаҳдӣ Алмуҳандис аз чеҳраҳои барҷастаи мубориза бо гуруҳҳои такфирӣ ва террористӣ аз ҷумла ДИИШ дар минтақаи ғарби Осиё буданд.