Сентябр 27, 2016 19:44 Asia/Dushanbe
  • Тӯмори 14 ҳазор зани Саудӣ алайҳи қавонини занситезона дар ин кишвар

Беш аз 14 ҳазор зани арабистонӣ бо имзои тӯморе аз ҳукумати ин кишвар хостанд, қавонини дасту погир ва ғайри мантиқии зидди занонро лағв кунанд.

Ба иттилои Ирно, ин тӯмор, ки нахустин тӯмор бо абъоди густарда дар Арабистон аст, дар фазои маҷозӣ низ бо истиқбол рӯ ба рӯ шудааст.

Азиза Юсуф, аз фаъолони ҳуқуқи занон дар Арабистон, ки ин тӯморро ба давлат таҳвил додааст, гуфт: Замони он фаро расида, ки мақомҳои Саудӣ посухе ба ин дархост бидиҳанд.

Шуморе аз занони Саудӣ, ки ин тӯморро имзо карданд, номи комили худро зери он навиштаанд, аммо ағлаби онҳо бидуни зикри ном онро имзо карданд.

Занони Саудӣ дар мавориде ҳамчун кор кардан, дарс хондан, иҷора кардани хона ё тарҳи шикоятҳои қазоӣ ба изни валии худ ниёз доранд. 

Занон дар Арабистон ҳамчунин ҳаққи ронандагӣ надоранд, аз варзиш кардан ва таъсиси бошгоҳҳои варзишӣ маҳруманд ва варзиш барои онон ҳатто дар мадорис ва донишгоҳҳо мамнуъ аст ва ҳамчунин то 45 солагӣ ҳақ надоранд, ки ба танҳоӣ мусофират кунанд.

Токунун посухе расмӣ аз сӯи давлати Арабистон ба ин тӯмор дода нашудааст.