Январ 05, 2020 16:19 Asia/Dushanbe
  • Таҷлили раҳбари Ҳизби Ватани Туркия аз шаҳидон Сулаймонӣ ва Алмуҳандис

Раҳбари Ҳизби Ватани Туркия таъкид кард: Сардорони рашиди ислом, шаҳид сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ ва шаҳид Абӯлмаҳдӣ Алмуҳандис, шуҳадои меҳвари муқовимат ҳастанд.

Ба гузориши Тасним, Доғу Перинчек гуфт: Фармондеҳи шуҷои нерӯи "Қудс"-и Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон ва Абӯлмаҳдӣ Алмуҳандис дар роҳи мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ ва саҳюнистҳо ва зӯргӯиҳои Амрико, дар ҳамлаи ҷинояткорона ва террористии Трамп ба шаҳодат расиданд.

Вай афзуд: Дар ҳоли ҳозир, он чи бо он мувоҷеҳем, таҳрики бархе аз кишварҳои Ғарби Осиё аз сӯи Амрико барои ҷангафрӯзӣ дар минтақа аст.

Вай тасреҳ кард: Амрико дар минтақа бо шикаст муҷовеҳ шуда ва аз аҳдофи шуме, ки дар Ироқ, Сурия ва Туркия дошта, бозмондааст. Аз ин рӯ, ба дунболи ноамн сохтани минтақа аст.

 

Барчасп