Январ 06, 2020 21:21 Asia/Dushanbe
  • Паёми кишварҳои арабии Халиҷи Форс ба Амрико: Моро даргири ҷанг накунед

Як хабарнигори англисӣ навишт, ки давлати Саудӣ аз Трамп мехоҳад то кишварҳои арабии ҳошияи Халиҷи Форсро вориди ҷанги дигаре дар минтақа накунад.

Лиз Слайер, хабарнигори англисии рӯзномаи “Washington Post” (мустақар дар Бейрут) дар сафҳаи “Твиттер” худ навишт, ки давлати Саудӣ қасд дорад ҳайате ба Амрико эъзом кунад то ба ниёбат аз кишварҳои арабии ҳошияи Халиҷи Форс паёми муҳиммро ба сарони Вашингтон бибарад.

Ба гузориши хабаргузории Форс,ӯ навишт, ки паёми мазкур ин аст: «лутфан моро аз дарди як ҷанги дигар дур кунед».

Дар ин иртибот валиаҳди Саудӣ, бародари кӯчак ва муовини худ дар вазорати дифоро дар рӯзҳои оянда ба Вашингтон хоҳад фиристод то мақомоти амрикоиро ба хештандорӣ даъват кунад.

Қатар низ, ки аз июни 2017 дар таниш бо давлати Саудӣ ба сар мебарад дар ин мавзӯъ ҳамназар бо Риёз аст ва вазири хориҷаи худро ба Теҳрон фиристодааст, то даъват ба оромиш кунад.

Абдулхолиқ Абдуллоҳ, устоди улуми сиёсӣ ва мушовири собиқи валиаҳди Иморот ба “Bloomberg” гуфт: «Паёми кишварҳои Халиҷи Форс ба Амрико равшан аст; Онҳо аз Трамп мехоҳанд, лутфан моро аз вуруд ба як ҷанги вайронгар барои минтақа дур нигаҳ дорад. Иморот аввалин кишваре хоҳад буд, ки ҳазинаи ҳар гуна даргирии низомиро хоҳад дод. Бинобарин бисёр ба нафъи мо аст, ки авзоро хориҷ аз контрол набинем.»

Бо шаҳодати сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ ва Абу Маҳдӣ ал Муҳандис ба дасти Амрико ва эъломи мақомоти эронӣ мабни бар интиқоми сахт, давлати Саудӣ аз рӯзи шанбеи гузашта дар такопу барои ором кардани авзоъ афтодааст ва Салмон бин Абдулазиз ва Муҳаммад бин Салмон дар тамосҳои ҷудогона бо раисиҷумҳур ва нахуствазири Ироқ хостори коҳиши таниш дар минтақа шудаанд.

Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс ба раҳбарии давлати Саудӣ низ имрӯз (душанбе) баёнияе содир ва тайи он бар ҳифзи оромиш ва адами ташдиди танишҳо таъкид кард.

 

Барчасп