Ташйии садҳоҳазорнафарии пайкари шаҳид Абумаҳдӣ Алмуҳандис дар Басра
(last modified Tue, 07 Jan 2020 12:56:29 GMT )
Январ 07, 2020 17:56 Asia/Dushanbe
  • Ташйии садҳоҳазорнафарии пайкари шаҳид Абумаҳдӣ Алмуҳандис дар Басра

Пайкари поки шаҳид Абумаҳдӣ Алмуҳандис, ноиби раиси Басиҷи мардумии Ироқ бо ҳузури садҳо ҳазор нафар аз мардуми Басра, ҷануби Ироқ ташйиъ шуд.

Ба гузориши ИРНА, пайкари шаҳид Абумаҳдӣ Алмуҳандис имрӯз пас аз ташйиъ ва интиқол аз шаҳри Ободон, ҷануби Эрон ба Басра, зодгоҳи ин шаҳид интиқол ёфт ва дар миёни ҳузну андуҳи мардуми Ироқ ташйиъ шуд. Расонаҳои ироқӣ бо эъломи ин ки ҷамъияти маросими ташйии шаҳид Абумаҳдӣ Алмуҳандис аз Шаламча то маркази Басра аз 500 ҳазор нафар низ фаротар рафт, ин маросимро бисёр густурда, бошукӯҳ ва беназир тавсиф карданд.

Пайкари ноиби раиси Басиҷи мардумии Ироқ  қарор аст, пас аз ташйиъ дар Басра ба Наҷаф мунтақил ва дар қабристони “Водиулислом” ба хок супурда шавад.

Пайкари Абумаҳдӣ Алмуҳандис якшанбеи гузашта барои анҷоми озмоиши ДНК ҳамроҳи пайкари сардор сипаҳбуди шаҳид Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи “Қудс”-и Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ ва соири ҳамразмони шаҳидаш ба Аҳвоз мунтақил ва дар шаҳрҳои Теҳрон, Машҳад, Қум ва Ободон ташйиъ шуд. Дар ҳамин ҳол садҳо ҳазор нафар аз мардуми Эрон ва мақомоти кишварию лашкарӣ имрӯз барои видоъ бо пайкари сардор сипаҳбуди шаҳид Қосими Сулаймонӣ дар Кирмон ҳозир шуданд, то пайкари ин сардори воломақомро бино бар васият эшон, дар “Гулзори шуҳадо”-и шаҳри Кирмон ба хок биспоранд.

Сардор сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи “Қудс”-и Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ, ки бомдоди рӯзи ҷумъа ба даъвати расмии мақомоти Ироқ ба ин кишвар сафар карда буд, ҳамроҳи Абумаҳдӣ Алмуҳандис, ноиби раиси Басиҷи мардумии Ироқ ва 8 нафари дигар дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои мутаҷовиз ва террористи амрикоӣ дар наздикии фурудгоҳи Бағдоди Ироқ ба шаҳодат расид.