Январ 08, 2020 14:49 Asia/Dushanbe
  • Талафот ва хисороти сангини амрикоӣ дар ҳамлаи мушакии Сипоҳи посдорон

Як манбаи мутталеи низомӣ, бомдоди чоршанбе дар мусоҳиба бо хабарнигорони Iran Press гуфт: Расади муколимоти майдонии нерӯҳои амрикоӣ ҳокӣ аз талафот ва хисороти зиёд дар ҳамла ба пойгоҳи Амрико аст.

Ба нақл аз хабаргузории  Iran Press, ин манбаи мутталеи низомӣ бо баёни ин, ки дар ҳоли расади дақиқи таҳаррукоти Амрико пас аз ҳамлаи мушакӣ ба пойгоҳи Амрико ҳаст афзуд: Нерӯҳои амрикоӣ бо интиқоли фаврии талафот (маҷрӯҳ ва кушта) аз Айнуласад ба василаи болгардҳо дар садад ҳастанд, ки мизони талафотро бисёр кам ҷилва бидиҳанд.

Бомдоди имрӯз (чоршанбе) Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар посух ба амалиёти ҷинояткорона ва террористии нерӯҳои мутаҷовизи амрикоӣ дар террори сардор сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, пойгоҳи низомиёни амрикоии Айнуласад дар устони Аланбор дар Ғарби Ироқро бо даҳҳо мушак ҳадаф қарор дод.