Январ 11, 2020 19:45 Asia/Dushanbe
  • Хушҳолии ДИИШ аз ҷиноятҳои Амрико дар террори сардор Сулаймонӣ

Як расонаи мутааллиқ ба гуруҳи террористии ДИИШ аз иқдоми ҷинояткоронаи Амрико дар ба шаҳодат расондани сардор Сулаймонӣ ва Абумаҳдӣ Алмуҳандис ибрози хушнудӣ кард.

Рӯзномаи Ан-Набаъ мутааллиқ ба гуруҳи террористии ДИИШ, ки панҷшанбеи ҳар ҳафта дар расонаҳои ин гуруҳаки такфирӣ мунташир мешавад, дар сармақолаи худ ба ин иқдоми террористии Амрико вокуниш нишон дод ва ибрози хушҳолӣ кард.

Амрико бомдоди ҷумъа севвуми январ сипаҳбуд ҳоҷ Қосими Сулаймониро ба ҳамроҳи Абумаҳдӣ Алмуҳандис ҷонишини раиси Созмони басиҷи мардумии Ироқ ва чанд тан аз нерӯҳои ироқӣ ва эрониро дар атрофи фурудгоҳи Бағдод террор кард.

Хабаргузории Рейтерзи Англия, ба нақ аз ироқиҳо ошкор кард, ки кормандони фурудгоҳҳои Бағдод ва Димишқ, иттилооти вуруд ва хуруҷи сардор Сулаймонӣ ва ҳамроҳонашро дар ихтиёри артиши Амрико қарор додаанд.

Барчасп