Дидори вазири умури хориҷаи Эрон бо подшоҳи нави Уммон
Январ 12, 2020 13:53 Asia/Dushanbe
Вазири умури хориҷаи Эрон, ки ба намояндагӣ аз давлати Эрон барои ширкат дар маросими гиромидошти султони фақиди Уммон ба Маскат сафар кардааст бо Султон Ҳайсам бин Ториқ подшоҳи нави ин кишвар дидор ва гуфтугӯ кард.
Муҳаммадҷаводи Зариф вазири умури хориҷаи Эрон зимни таслияти даргузашти султон Қобус, оғози масъулияти Ҳайсам бин Ториқ подшоҳи нави Уммонро табрик гуфт ва омодагии Ҷумҳурии исломии Эронро барои тавсеа ва таъмиқи равобити дӯстона ва деринаи ду кишвар эълом кард.
Қобус бин Саид подшоҳи Уммон пас аз як давраи беморӣ дар 79 солагӣ даргузашт.
Ҳайсам бин Ториқ оли Саид дар паи даргузашти Қобус бин Саид, ба унвони султони нави Уммон таин шуд.