Январ 12, 2020 20:05 Asia/Dushanbe

Мақоми аршади низомии Амрико мустақар дар пойгоҳи низомии Айнуаласад дар Ироқ, ҳамлаи талофиҷӯёнаи Эрон ба ин пойгоҳи низомии амрикоиро тарснок тавсиф кард.

Ба нақл аз Алолам, Стэси Климан, сарҳанги дуввуми амрикоии мустақар дар пойгоҳи Айнуласад, дар гуфтугӯ бо шабакаи CNN гуфт: Тавсифи он (ҳамла) бисёр сахт ва душвор аст. Бисёр тарснок ва дилҳураовар буд. Ман ва бархе аз аъзои тими мо дар яке аз паноҳгоҳҳо паноҳ гирифта будем ва вақте аввалин мавҷи ҳамла оғоз шуд, мо мавҷи бӯҳт ва ҳайратро эҳсос мекардем ва ҳатто фишори даруни паноҳгоҳҳо ҳам он қадар шадид буд, ки дари паноҳгоҳҳо аз ҷои худ ҳаракат мекард.

Ин низомии амрикоӣ эътироф кард: Ҳафт маврид аз исобатҳо дар фосилаи бисёр наздик аз маҳалле, ки мо паноҳ гирифта будем, сурат гирифт.

Он тавр, ки хабарнигори шабакаи CNN гузориш кардааст, низомиёни амрикоӣ дар пайи иқдоми Вашингтон дар ба шаҳодат расондани сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ ва ҳафт тан аз ёронаш, дар наздикии фурӯдгоҳи Бағдод медонистанд, ки ҳамлаи Эрон ба нерӯҳои амрикоӣ қарибулвуқӯъ аст, аммо иттилое аз моҳияти ин ҳамла надоштанд.

Ин низомии амрикоӣ муддаӣ шуд, ки дар ин ҳамла, ки ҳудуди ду соат ба тӯл анҷомид, талафоте аз низомиёни амрикоӣ бар ҷой намондааст.

Вай афзуд: Аз қабл ҳушдор дарёфт карда будем, ки мумкин аст, ҳамлаи мушакӣ рух диҳад ва ба ҳамин далел, маҷбур будем  нерӯҳои амниятии худро берун бифиристем ва амнияти онҳоро тазмин кунем.

 

 

Барчасп