Январ 13, 2020 15:32 Asia/Dushanbe
  • Ҳизбуллоҳи Ироқ: ба ҷинояти Амрико посух медиҳем

Сухангӯи гурдонҳои Ҳизбуллоҳи Ироқ таъкид кард, меҳвари Муқовимат бо ҳамаи унсурҳои худ ба дунболи посух ба ҷинояти Амрико аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммад Муҳйӣ сухангӯи гурдонҳои Ҳизбуллоҳи Ироқ дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизионии Алмаёдини Лубнон гуфт, ҳеҷ роҳе ба ҷуз рӯёрӯӣ бо низомёни амрикоии мустақар дар Ироқ нест ва меҳвари Муқовимат бо омдагии комил дар минтақаҳои густардае аз Ироқ бо низомиёни амрикоӣ муқобила мекунад.

Муҳаммад Муҳйӣ таъкид кард, давлати Ироқ бояд аз тамоми абзорҳои лозим барои хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз Ироқ истифода кунад, то онон ҳар чи сареътар аз ин кишвар хориҷ шаванд.

Сухангӯи гурдонҳои Ҳизбуллоҳи Ироқ ҳамчунин бо баёни ин ки ҳамаи гуруҳҳои ироқӣ ба нақши сардор сипаҳбуд шаҳид Қосими Сулаймонӣ фармондеҳи нерӯи қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар ҳимоят аз Ироқ барои шикасти террористҳои ДИИШ эътироф мекунанд тасреҳ кард, ҳеҷ ироқие наметавонад нақши ин сардори шаҳид ва ҳузури ӯро дар хатҳои муқаддами ҷабҳа барои шикаст додани террористҳои ДИИШ фаромуш кунад.

Сардор сипаҳбуд шаҳид Қосими Сулаймонӣ фармондеҳи нерӯи қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ  рӯзи ҷумъа севвуми январ ба даъвати расмии мақомоти Ироқ ба ин кишвар сафар карда буд, ба ҳамроҳи Абумаҳдӣ Алмуҳандис ва 8 нафари дигар дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои мутаҷовизи террористи амрикоӣ ба фурудгоҳи Бағдоди Ироқ ба шаҳодат расид.