Мардоне чун сардор Сулаймонӣ пеши тарҳи "Ховари Миёнаи нав"-ро гирифтанд
(last modified Tue, 14 Jan 2020 09:22:39 GMT )
Январ 14, 2020 14:22 Asia/Dushanbe
  • Мардоне чун сардор Сулаймонӣ пеши тарҳи

Мудири Идораи сиёсии артиши Сурия эълом кард, душманони уммат бо абзори терроризм дунболи иҷроӣ кардани прожаи "Ховари Миёнаи нав" буданд, аммо фарҳанг ва мардони Муқовимат монеъ аз он шуд.

Ба нақл аз Форс, сартип Ҳасан Ҳасан мудири Идораи сиёсии артиши Сурия эълом кард, хуни поки фармондеҳони Муқовимат Қосими Сулаймонӣ ва Абумаҳдӣ Алмуҳандис бо терроризм ва тоғути ҷаҳонии амрикоӣ ва саҳюнистӣ мубориза карданд ва ин бадон маъност, ки иродаи Муқовимат аз новгонҳо ва қудрати таҳрибии терроризми ҷаҳонӣ тарсе надорад.

Ҳасан идома дод, душманони уммати ислом аз ибтидо талош карданд бо интишори густардаи терроризм дар минтақа дар ростои таҷзияи он иқдом кунанд, то ду назария ва прожаи роҳбурдии худ аз солҳои ҳаштод яъне "Ховари Миёнаи нав ва ошуби халлоқона"-ро иҷроӣ кунанд, аммо вуҷуди шева ва фарҳанги Муқовимат ва мардони омодаи фидокорӣ боис шуд пеши иҷроӣ шудани ин прожа гирифта шавад.

Вай сипас гуфт, касоне, ки гумон мекунанд шаҳодати сардор Сулаймонӣ ва Абумаҳдӣ Алмуҳандис ва монанди онҳо метавонад ҳақиқат ва хости фарзандони Муқовимат барои решакан кардани терроризмро тағйир диҳад дар таваҳҳум аст ва меҳвари Муқовимат имрӯз қудратмандтар ва босуботтар барои такмили пирӯзӣ аст.

Ҳасан Ҳасан дар идома таъкид кард, имрӯз ҳамаи кишварҳо дар меҳвари Муқовимат тавоноии муқобила бо терроризм ва решкан карданро доранд ва ин минтақа барои фарзандони он хоҳад буд.