Абдулмаҳдӣ: Хуруҷи нерӯҳои Амрико аз Ироқ ҳатмӣ аст
Дафтари нахуствазирии Ироқ таъкид кард, ки Бағдод ба ҳеҷ ваҷҳ аз тасмими парлумон дар хусуси ихроҷи нерӯҳои низомии хориҷӣ аз ин кишвар кӯтоҳ нахоҳад омад.
Ба гузориши ИРНА, сухангӯи дафтари нахуствазирии Ироқ дар гуфтугӯ бо расонаҳо таъкид кард, ки Бағдод ҳаргиз тавофуқномаеро барои боқӣ мондани нерӯҳои амрикоӣ дар Ироқ, бо ҳадафи идомаи мубориза бо гурӯҳи террористии ДИИШ имзо нахоҳад кард.
Варда афзуд, то ин лаҳза давлат ба тасмими парлумон барои ихроҷи нерӯҳои Амрико пойбанд будааст ва ин қонун танҳо шомили нерӯҳои амрикоӣ намешавад, балки ҳамаи низомиёни хориҷӣ бояд Ироқро тарк кунанд.
Сухангӯи дафтари нахуствазирии Ироқ ҳамчунин вуҷуди ҳар гуна тавофуқ миёни Вашингтон ва Бағдод барои боқӣ мондани нерӯҳои амрикоӣ дар Ироқро рад кард ва гуфт, давлат дар масири дурусти худ барои ихроҷи нерӯҳои низомии хориҷӣ қарор дорад.
Дар пайи шаҳодати сардор Сулаймонӣ ва Абумаҳдӣ Алмуҳандис, муовини созмони Нерӯҳои мардумии Ироқ ба ҳамроҳи ҳашт нафари дигар дар рӯзи севуми январ, ки бо дастури мустақими раисҷумҳури Амрико сурат гирифт, парлумони Ироқ тарҳи хуруҷи нерӯҳои амрикоиҳо аз хоки ин кишварро ба тасвиб расонд.
Одил Абдулмаҳдӣ, нахуствазири давлати муваққати Ироқ низ дар ҷаласаи раъйгирии парлумони ин кишвар хуруҷи фаврии нерӯҳои амрикоӣ аз Ироқро хостор шуд ва гуфт, ки манофеи Ироқ ва Амрико эҷоб мекунад нерӯҳои хориҷӣ хок Ироқро тарк кунанд.
Нахуствазири Ироқ ҳамчунин панҷшанбеи гузашта дар гуфтугӯи телефонӣ аз Майк Пампео, вазири умури хориҷаи Амрико хост, ки механизми хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Ироқро мушаххас кунад.