Январ 15, 2020 20:17 Asia/Dushanbe
  • Барҳам Солеҳ: Ироқ метавонад омили тафоҳуми қудратҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ бошад

Раисҷумҳури Ироқ зимни истиқбол аз вазири хориҷаи Қатар гуфт, ки кишвараш метавонад омили дарк ва тафоҳуми мусбат ва нуқтаи субот ва сулҳи қудратҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ бошад.

Ба гузориши “Форс”, Барҳам Солеҳ, раисҷумҳури Ироқ имрӯз (чаҳоршанбе - 15 январ) дар кохи “Ассалом” (Сулҳ) раёсати ҷумҳурӣ дар Бағдод, мизбони Муҳаммад бин Абдурраҳмон оли Сонӣ, вазири хориҷа ва муовини нахуствазири Қатар буд.

Дар ин дидор авзои минтақаӣ ва байналмилалӣ ва шеваҳои оромсозии фазои мавҷуд барои ҳифзи амният ва суботи минтақа баррасӣ ва бар зарурати хештандорӣ ва ғалабаи адабиёти ҳикмат ва гуфтугӯ барои коҳиши шиддати танишҳо таъкид шуд.

Барҳам Солеҳ дар ин дидор гуфт, Ироқ метавонад омили дарк ва тафоҳуми мусбат ва нуқтаи субот ва сулҳ миёни қудратҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ бошад ва аз якпорча кардани талошҳо барои ҳалли буҳронҳои кунунӣ ҳимоят мекунад то миллатҳои минтақа дар сулҳу рифоҳ ва саодат зиндагӣ кунанд.

Вай афзуд, ки Ироқ ҳаргиз нуқтаи оғози таҷовуз алайҳи кишварҳои ҳамсояи худ нахоҳад буд ё ба майдони ҷанги ҷадиде, ки патенсиалҳо ва тавонмандиҳои миллатҳоро аз байн мебарад, табдил нахоҳад шуд.

Дар муқобил, вазири хориҷаи Қатар низ бо ишора ба ҳассосияти авзои кунунӣ бар аҳамияти ҳамоҳангӣ ва иқдоми муштарак бо тарафҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ барои дастёбӣ ба роҳиҳалҳои мусолиматомез барои ҳифзи амният ва суботи минтақа таъкид кард.