Муфтии сангинвазни ДИИШ бо худрави боркашӣ ба боздоштгоҳ мунтақил шуд
Абу Абдулборӣ муфтии сангинвазн ва бисёр фарбеҳи ДИИШ пас аз дастгирӣ дар Мосул бо як пикап (мошини боркаш) ба боздоштгоҳ мунтақил шуд.
Ба нақл аз Алъолам, нерӯҳои амниятӣ Абу Абдулборӣ муфтии ДИИШ дар замони ҳукумати ин гуруҳи террористӣ бар Мосулро дастгир карданд.
Тасовире, ки аз дастгирии Абдулборӣ мунташир шуда нишон медиҳад, вай ба иллати фарбегии бисёр ва вазни ғайритабиӣ қодир ба ҳаракат нест ва маъмурон ба ночор аз як мошини боркаш барои интиқоли вай ба боздоштгоҳ истифода карданд.
Абу Абдулборӣ яке аз раҳбарони радифи аввали гуруҳи террористии ДИИШ ба ҳисоб меояд ва нақши асосие дар содир намудани ҳукми эъдоми бисёре аз сокинони Мосул ва тирпаронӣ дар масҷиди ҳазрати Юнус (а) дар ин шаҳр доштааст.
Ӯ ҳамчунин масъули содир кардани фитвои эъдоми шуморе аз руҳониён ва донишгоҳиёни Мосул буд, ки ҳозир нашуданд бо гуруҳи террористии ДИИШ байъат кунанд.
Абу Абдулборӣ бо суханони таҳрикомез аз ташвиқкунандагони аъзои ин гуруҳи террористӣ барои ҷиноятҳои ғайри инсонӣ буд.
ДИИШ байни июни 2014 то июли 2017 контроли Мосул маркази вилояти Найнавои Ироқро ба даст гирифт.